Шаҳрвандони муҳтарам!
Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки бо мақсади татбиқи принсипҳои Конвенсияи Орхус дар якчанд минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва шаҳраки Ғарми н. Рашт дафтари Марказҳои Орхуси Тоҷикистон фаъолият мебаранд.
Масъулини Марказҳои Орхус ҷиҳати амалигардонии нуктаи дар Паёми Пешвои миллат баёнгардида оид ба эълони “Соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ” фаъолияти машваратӣ ва иттилоотиашонро тақвият бахшида, омода ҳастанд ба саволҳои Шумо (муроҷиаткунандагон) дар самти иттилооти экологӣ, аз ҷумла, доир ба вазъи унсурҳои муҳити зист – об, хок, ҳаво, роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ дар маҳалҳо, вазъи олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, пайвандии иқтисоди сабз бо муҳити зист, истифодаи технологияҳои сабз барои наҷоти табиат ва ғ. посух гӯянд.
Телефонҳо барои тамос:
Маркази Орхус дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: 372 36 33 89; 888 02 52 52;
Маркази Орхус дар ш. Бохтар: тел.: 93 334 47 77;
Маркази Орхус дар ш. Хоруғ: Тел.: 93 500 52 33;
Маркази Орхус дар ш. Хуҷанд: 92 712 49 69 ;
Маркази Орхус дар ш. Ғарм (н. Рашт): 918 58 72 35.