• 07.09.2024

Дар доираи лоиҳаи “Тақвияти ҳамкорӣ ва таҳлил дар бахши энергетика дар Осиёи Марказӣ дар заминаи буҳрони энергетикӣ дар Афғонистон” ва лоиҳаи “Бартараф кардани осебпазирӣ ва баланд бардоштани устувории минтақаҳои ҳаммарзи Осиёи Марказӣ бо Афғонистон: идоракунии захираҳои табиӣ”, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ меёбад, барои ниёзмандони 6 деҳоти ҷамоати Саричашмаи н. Шамсиддин Шоҳин таҷҳизоти нерӯдиҳандаи офтобӣ  насб карда шуд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафи лоиҳа вазифаҳои зерин муайян карда шуд:

1) Таъмини дастрасӣ ба энергияи барқароршаванда.

2) Баланд бардоштани дониш ва малакаи баҳрагирандагон оид ба кашиш, нигоҳдорӣ ва истифодаи системаи панелҳои офтобӣ;

3) Васе намудани фаҳмиши аҳолӣ дар бораи энергияи барқароршаванда ва аҳамияти истифодаи онҳо ва иртиботи он бо тағирёбии иқлим

4) Муайян кардани таъсири фаъолияти лоиҳа тавассути арзёбӣ ва мониторинг.

Ҷамоати Саричашма, ки бо Афғонистон марз дорад, аз 22 деҳа иборат аст. Лоиҳа дар 6 деҳаи ҷамоати мазкур, аз ҷумла, Пистамазор, Мишкорон, Ҷилга, Сурхалам, Хоҷаи Ҷавонмард ва Пата амалӣ шуда истодааст.

Дар доираи фаъолиятҳои банақшагирифта дар ҷомеаҳои интихобшудаи лоиҳа аз ҷониби ташклоти ҷамъиятии “Нерӯи тоза” моҳи июли соли 2024 бо мақсади маълум намудани вазъи кунунии ҷомеаҳо дар робита бо дастрасии онҳо ба энергия (нерӯи барқ) тадқиқот гузаронида шуд.

Дар рафти тадқиқот 2 хонавода, 5 хоҷагии фермери, 3 мактаби ибтидоӣ интихоб гардиданд, ки онҳо дар 6 деҳаи зерҳадафи лоиҳа ҷойгиранд. Илова бар ин, 1 пости сарҳадӣ ва 3 дидбонгоҳи сарҳадӣ (Саломалек, Боғ, Гулҳам, Сурхалам) ба лоиҳа дохил карда шуданд. Ҳамагӣ дар 14 иншоот панелҳои офтобӣ, бо иқтидори 1,5 кВт, 3,5 кВт ва 5 кВт насб карда шуданд. Аз мавзеъҳои интихобшуда танҳо 3 мактаби ибтидоӣ бо нерӯи барқ пайваст буда, бо таври маҳдуд нуруи барқ мегиранд, аммо дигар қитъаҳо бо хатти барқи ягона пайвастагӣ надоранд.

Меъёрҳои интихоби ҷамоат ва иншоотҳо дар машварат бо кумитаҳои дахлдор ва намояндаи САҲА, дар асоси осебпазирии онҳо ва маҳдудияти дастрасӣ ба нерӯи барқ сурат гирифт. Интихоби пурсидашудагон аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Нерӯи Тоза» дар машварат бо роҳбарони ҷамоатҳо, бо розигии худи намояндагон ва бо назардошти талаботҳои гендерӣ роҳандозӣ гардид. Синну соли респондентҳо ба ҳисоби миёна 30 — 35 солро ташкил медиҳад.

Аз тадқиқоти гузарондашуда маълум гардид, ки манбаи таъмини рушноӣ дар ҳамаи мактабҳо аз системаи ягонаи интиқоли барқ мебошад. Аммо таъмини барқ дар фасли зимистон маҳдуд аст ва тибқи гуфтаҳои пурсидашудагон он тақрибан 5 соатро ташкил медиҳад. Маводи гармидиҳанда ва сузишворӣ дар мактабҳо ҳезум, тапак ва ангишт мебошад. Дар фасли зимистон бинобар маҳдудияти нерӯи барқ дар рӯзона синфхонаҳо бо ҳезум гарм карда мешавад. Ин ҳолат боиси буриши бенизоми дарахтон ва расонидани хисорот ба табиати мавзеъ мегардад.

 Ҷамъоварии маводҳои сузишворӣ ё гармидиҳанда дар оилаҳои деҳот хусусияти ҷинсӣ дорад, мардҳо дар мавзеъҳои баҳодиҳӣ гузаронидашуда бештар бо овардани ҳезум аз ҷангалҳои куҳии атроф машғул мебошанд, аммо занҳо бо омода кардани лар ё тапак.

Аз тадқиқоти гузарондашуда- маълум гашт, ки манбаи асосии даромади хонаводаҳо дар минтақаи фарогири лоиҳа асосан чорводорӣ мебошад. Ҳамчун манбаи дигари даромад респондентҳо фаъолиятҳои зеринро қайд намуданд: даромад аз фурӯши гушт, кор дар муассисаи давлатӣ (мамнуъгоҳ), занбурпарварӣ ва ҷамъоварии писта.

Ҳиссаи истифодабарии манбаъҳои гуногуни энергия аз ҷониби респондентҳо дар ҷадвали зер оварда шудааст:

 

Маркзи Орхус дар ш. Бохтар тасмим гирифтааст вохӯриҳои итттилоотию маърифатиро барои баҳрабарандагони лоиҳа аз  6 деҳоти ҷамоати Саричашма баргузор намояд.

 

М. Раҳматуллоева, МАРКАЗИ ОРХУСИ ш. БОХТАР

 

 

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: