• 19.09.2024

Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи мониторинги экологи» №3, соли 2011 кабул шудааст.

Назоратро бо мафхуми дигар  мониторинг мегуянд.  Мониторинг – ин системаи мушохидахои давомноки мунтазам,  ченкуни ва арзебии мунтазами вазъият  мебошад.  Мониторинги экологи бо максади муайян кардани холати мухити зист ва арзебии холати гузашта, хозира ва пешгуии ояндаи параметрхои мухити атроф, ки ба инсон ахамият дорад, гузаронида мешавад. Системаи мониторинги экологи – ин мушохидаи холати элементхои биосфера, муайян кардани манбахои ифлоскуни, холати саломатии ахоли, пурсиши ичтимои, чамъоварии маълумотхо, коркарди маълумотхо, пешниходи маълумотхо, кабули карорхо ва гайрахоро дар бар мегирад.

Мониторинги экологи 3 самти асосии фаъолиятро дар бар мегирад:

— мушохидаи омилхои таъсиррасони ва холати мухити зист

— арзебии холати вокеъии мухити зист

— пешгуии холати мухити атроф ва арзебии вазъи эхтмоли

Дар хамаи мархилахои инкишоф инсон бо мухити атроф дар алокамандии зич мебошад.  Хаети инсонро бе мухити атроф тасавур кардан номумкин аст.  Мухити атроф ин манбае, мебошад, ки хает, солими , фаъолият ва бехатарии инсон аз он вобастаги дорад. Аз дигар тараф омили асосии таъсирпазири ба мухити зист ин таъсири антропогени (инсони) мебошад.  Инсон аз давраи пайдоишаш табиатро хамчун сарчашмаи боигари, дарефти хурока, паногох истифода мебарад.  Таъсири омили антропогени (инсони) гуногунчабха мебошанд.  Масъала таъсири инсон ба мухити зист, имруз ба яке аз масъалахои глобалии экологи табдил ефтааст.   Дар натичаи фаъолияти худ инсон тавонист шароитхоеро ба вучуд оварад, ки ба нобуд шудани баъзе намудхои наботот ва хайвонот мусоидат намояд.

Яке аз омилхои бузурги экологие, ки дар натичаи таъсири инсон дар чумхурии мо рух додаст, ин дар баъзе минтакахо нест шудани буттазорхо(хуч, ангет, зелол), дарахтон (дулона, олуча, себи чангали), чангалзорхо  ва растанихои шифои (чамилак, кокути, ширинбия, холмун…)мебошад.

Яке аз манбахое, ки сарчашмахои обии моро (дарехо, каналхо, чуйборхо, хавзхоро) ифлос менамоянд ин манбахои партовхои харрузаимаиши ва рузгор мебошанд. Хамаи хамин партовхо дар натичаи беэътибори ва бепарвои аз тарафи инсон ба сарчашмахои оби партофта мешаванд. Аз дигар тараф инсонхо барои талаботхоии худро конеъ кардан аз сарватхои  табии, ба монанди хок, санг, рег, шагол истифодаи зиед мебарад. Дар натичаи кандани сангу шаголу рег  сатхи дарехо ва мачрои он дигар мешавад ва хангоми  боришоти зиед  сабабгори ба вукуъ омадани офатхои табии гашта ба мавзехои гирду атроф, ба мардум ва хочагихо зарари калон мерасонад.

Таъсири  инсон ба мухити атроф торафт зиед ва хатарнок шуда истодааст. Бинобар ин назорати экологи мухим ва зарур аст. Назорати экологи – ин фаъолияти макомотхои давлати, корхонахо ва шахрвандон оиди риояи меъерхо ва коидахои экологи мебошад.

Чи тавр чомеа дар мониторинги экологи иштирок карда метавонад?

Хар як инсон ва ахли чомеа метавонанд  мониторинги экологи гузаронанд ва нисбати таъсири омилхои инсони ба мухити зист бетараф набошад. Чомеа метавонад дар мониторинги экологи иштирок намуда, нуктахои «доги экологи» — ро ошкор намояд.  Масалан партовхои кади рох, буридани дарахтон, ифлоскунии обхо, шикори гайриконуни, истифодаи нодурусти сарватхои табии  ва гайрахо.  Чомеа метавонад мунтазам ба нуктахои «доги экологи» рафта назорат намоянд, якчоя бо Макомотхои давлатии  хифзи мухити зист санчиш ва е тафтиши экологи гузаронанд, холатхои «доги экологи»-ро манъ намоянд, чарима ситонанд.

Хонандагон, омузгорон  ва е аъзоени нозирони сабз метавонанд дар мактаб  мониторинги экологи гузаронанд. Дар вакти гузаронидани мониторинги экологи худуди мактабро аз назар гузаронанд, харитаи экологи кашанд, чойхои ифлосро муайян намоянд, маълумотхои чамъовардаро тахлил намоянд, бо хонандагон ва е ахолии атрофии мактаб пурсиш гузаронанд, аксхо гиранд. Чолиби кайд аст, ки яке аз самти фаъолияти Маркази Орхуси Гарм ин гузаронидани мониторинги экологии нохия дар хамкори бо Шуъбаи мухити зист мебошад. Дар рафти фаъолият дар якчояги якчанд маротиба мониторинги экологи оиди ошкор кардани партовчойхои  гайриконуни, мониторинги партовхои бозори марказии ш. Гарм,  сохили дареи Сурхоб ва даруни шахраки Гарм гузаронида шуд ва бо намояндагони корхонахое, ки дар наздики фаъолият менамоянд ва нисбати тозагии он чойхо масъуланд  вохурихо  ва фахмондадихихо гузаронида шуданд.

Созишномаи  Орхус, ки Чумхурии Точикистон аъзои он мебошад, ба шахрвандон хукук медихад, ки дастраси ба иттилооти экологи дошта бошанд ва дар раванди кабули карорхое, ки ба мухити зист вобастаги доранд иштирок намоянд.

Мухим он аст, ки хар як инсон нисбати химояи мухити зист  сахмдор бошад ва нагузорад, ки дар минтакае, ки хает ба сар мебарад «догхои экологи» зиед шаванд!

 

Савринисо Хафизова – консультанти Маркази Орхуси Гарм.

  • Метки :
%d такие блоггеры, как: