Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ айни замон «Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон»-ро татбиқ намуда истодааст. Оҷонсии татбиќкунандаи лоиња “Маркази идораи лоињаи идоракунии захирањои обии водии Фарѓона” буда, муњлати амалигардонии он солҳои 2023 — 2027-ро дар бар мегирад. Минтақаҳои лоиҳавии ҳавзаи Вахш 7 ноҳияи зерҳавзаи Поён: Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайхун, Хуросон, А.Ҷомӣ ва 3 ноҳияи зерҳавзаи боло: Рашт, Тоҷикобод ва Ляхш, инчунин ноҳияи Дангара мебошанд.
Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон аз чунин ҳадафҳо иборат аст:
- Тақвияти иқтидор дар соҳаи банақшагирии захираҳои об ва идоракунии обёрӣ дар Тоҷикистон.
- Баланд бардоштани самаранокии системаҳои обёрии интихобшуда дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшон
Пешбинӣ шудааст, ки фаъолияти лоиҳавӣ тавассути барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва дренажӣ манфиатҳои ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоиро таъмин менамояд. Корҳои барқарорсозӣ боиси кам шудани талафоти энергия ва об, кам шудани миқёси эрозияи хок, шӯршавии заминҳо, инчунин баланд шудани ҳосилнокии кишоварзӣ ва афзоиши даромади умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои деҳот мегарданд.
Баробари ин, чорабиниҳои лоиҳавӣ инчунин пешгирии таҳдидҳои экологӣ ва иҷтимоиро дар бар мегиранд, ки дар доираи стандартҳои Бонки Ҷаҳонӣ —
ЭСС 1, ЭСС 2, ЭСС 3, ЭСС 4, ЭСС, ЭСС 6 ва ЭСС 10 фаро гирифта мешаванд.
Корҳои навсозӣ ва барқарорсозии Лоиҳа таъсири мусбати экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, аз ҷумла,
- Паст кардани сатҳи ботлоқшавӣ ва намакшавии хок;
- Беҳтар кардани тақсимоти об барои оберӣ;
- Кам кардани талафоти об, аз ҷумла талафоти филтратсиякунонӣ
- Пешгирии вайроншавии минбаъдаи соҳилҳои обхезиҳо, кам кардани хатари обхезиҳо;
- Муҳофизат аз обхезии заминҳои обёришавандаи ҳамсоя ва маҳалҳои аҳолинишин, пешгирии талафоти манзил;
- Беҳтар кардани ҳосилнокии кишоварзии заминҳои корам, зиед кардани майдони онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва хоҷагиҳо;
Дар доираи лоиҳа ҷиҳати ба инобат гирифтани самтҳои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои иҷтимоӣ вобаста ба барќарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ, пойгоҳҳои обкашӣ тибќи талаботҳои ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боки Ҷахонӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Вобаста ба корҳои барќарорсозӣ дар ҳамаи системаҳои ирригатсионӣ, инчунин пойгоҳҳои обкашие, ки дар лоиҳа дохил гардиданд, “Наќшаи идоракунӣ оид ба њифзи муњити зист ва ҳифзи иҷтимоӣ” аз љониби ташкилотҳои лоиҳакашӣ дар алоњидагї барои ноњияњои зерҳадаф дар асоси гузаронидани татќиќотњои сањрої, тањлил ва љамъ овардани маълумотҳои зарурї оид ба вазъи иќтисодї, иљтимоӣ ва экологӣ тањия гардида, ҳамзамон бо иштироки намояндагони макомотҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки бо шуъбањои њифзи муњити зисти ноњияҳо ба мувофиќа карда мешавад.
Бояд ќайд кард, ки аз Нақшаи идоракунии муҳити зист ва ҳифзи иҷтимоӣ барои иҷро намудани корҳои барқарорсозӣ пеш аз ба мувофиқа расонидан барои маълумот ва пешниҳод намудани фикру таклифҳо дар сомонаи Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Наќшаи идоракунї оид ба њифзи муњити зист ва ҳифзи иҷтимои аз ҷониби пудратчиён њангоми иљрои корњои барќарорсозї риояи он ҳатмист.
Барои таъмини татбиқи дурусти чорабиниҳои пешбинишуда дар самти ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ (чорабиниҳои пешгирикунанда тадбирҳои сабуккунанда, мониторинг ва арзебӣ), ки дар ПУОСС тавсия дода мешаванд, Лоиҳа чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори сохторҳои бахши обии А/И, ИБЗО, БОР, БСР ва Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО) иштирокдошта баргузор менамояд ва таҳкими зарурии институтсионалии воҳидҳои минтақавии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мутахассисони ҳукуматҳо ва ҷамоатҳои деҳот дар ноҳияҳои лоиҳакаширо дастгирӣ хоҳад кард.
Бо мақсади таҳкими институтсионалӣ, доир намудани дарсҳои омӯзишӣ, маъракаҳои зарурии иттилоотии ҷамъиятӣ ва маърифатӣ ҷиҳати баланд бардоштани огоҳӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ (семинарҳо, конфронсҳо ва ғайра) пешбинӣ гардидааст.
Барномаи таълимӣ потенсиали воҳидҳои дар боло зикршударо тавассути омӯзиши махсус барои баланд бардоштани малака ва амалияи арзёбии экологӣ, идоракунӣ ва мониторинг тақвият мебахшад. Омӯзиш инчунин ба баланд бардоштани дониши деҳқонон, ҳамчунин аъзои АИО равона карда мешавад.
Тибқи талаботи СЭС 10-и Бонки Умумиҷаҳонӣ, дар доираи лоиҳа ҷорӣ намудани механизми пешниҳод, баррасии шикоятҳо ва дигар намудҳои муроҷиатҳоро пешбинӣ гардидааст. Ёдовар бояд шуд, ки механизми фикру мулоҳизаҳо ҳамчун яке аз воситаҳои асосии пешгирии низоъҳои дорои хатари иҷтимоӣ татбиқ карда мешавад.